МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ТАЙЁРӢ БА МУЛОҚОТИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ
Маскав, 20 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова ). — Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путин 19 май дар Маскав бо раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил С.Лебедев мулоқот кард. Онҳо масъалаҳои тайёриро ба маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баррасӣ намуданд, ки 22 май дар Остона баргузор мегардад. С.Лебедев зикр намуд, ки дар маҷлис силсилаи ҳуҷҷатҳои муҳим муҳокима карда мешаванд. Ин ҳуҷҷатҳо ривоҷ додани ҳамкории мамлакатҳои Иттиҳодро дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амният пешбинӣ менамоянд. Яке аз онҳо нақшаи тадбирҳои амалӣ сохтани даври аввали барномаи стратегии рушди иқтисодӣ мебошад. Нақшаи мазкур тадбирҳои мушаххасро дар бобати густариши ҳамкорӣ пешбинӣ мекунад. Коршиносони мамлакатҳои ИДМ нақшаро дар давоми бештар аз ним сол таҳия намуда, дар он оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиро ба назар гирифтанд. Тадбирҳои пешбинишуда имкон медиҳанд, ки оқибати бӯҳрон бо ҷидду ҷаҳди муштарак бартараф карда шавад. С.Лебедев афзуд, ки дар маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳо, инчунин, нақшаи хамкории гуманитарӣ баррасӣ карда хоҳад шуд. Онро роҳбари Шӯро Поллиева Ҷаҳон Раҷабовна ба иштирокчиёни маҷлис пешниҳод менамояд. Аз Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар маҷлиси сарони ҳукуматҳои ИДМ ҳайатҳои 11 давлат ширкат меварзад. Дар он намояндагони Гурҷистон иштирок намекунанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






