МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ ҶАҲОНИИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР РИМ
Рим, 25 май. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС). — Дар Рим мулоқоти намояндагони 8 мамлакати тараққикардаи саноатии ҷаҳон давом дорад, ки дорои захираҳои фаровони энергетикӣ мебошанд. Имрӯз дар ин ҷо низомномаи фаъолияти Созмони байналхалқии энергетикӣ имзо карда шуд. Онро намояндагони 13 давлат имзо намуданд. Дар мулоқот ғайр аз 8 мамлакати тараққикардаи саноатии ҷаҳон, инчунин, намояндагони мамлакатҳои дигар, созмонҳои байналхалқӣ ва ширкатҳои калонтарини истеҳсолкунандаи маводи энергетикӣ ҳузур доранд. Мулоқоти мазкур ба мамлакаҳои ҷаҳон имкон медиҳад, ки мавқеашонро дар соҳаи сиёсати истихроҷу истифодаи маводи энергетикӣ муайян намуда, роҳу усулҳои ҳамкориро дар ин соҳа муайян намоянд, — гуфт вазири рушди иқтисодии Италия Клаудио Скайола. Вай зикр намуд, ки мамлакатҳо низомномаро имзо намуда, вазифадор мешаванд, ки ӯҳдадориҳои марбут ба самарабахш истифода бурдани қувваи барқ, мавриди истифода қарор додани технологияи нав ва сарфа кардани қувваи барқро иҷро намоянд. Имзои низомнома дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ва тағйир ёфтани иқлим муваффақияти калон мебошад, гуфт вай. Вазири энергетикаи Русия Сергей Шматко қабл аз оғози мулоқот ба хабарнигорон гуфт, ки Русия дар соҳаи истеҳсолу истифодаи қувваи барқ мавқеи асосӣ ишғол менамояд. Низомномаро намояндагони Русия, Бразилия, Канада, Чин, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Мексика, Британияи Кабир, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо имзо карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






