МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ КОРГАРОНИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР САМАРА
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 21 май дар шаҳри Самараи Федератсияи Русия дар мавзӯи «Вазъи имрӯза, проблемаҳо, нақшаҳои оянда ва тамоилоти муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба вилояти Самара» машварат кушода мешавад. Ҳадафи он муайян намудани нақшаҳои ҳамкорӣ ва амалӣ сохтани пешниҳодоте мебошад, ки бояд проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатиро аз Тоҷикистон дар вилояти Самара бо кӯмаки созмонҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ ва мақомоти давлатии ҳар ду давлат ҳал карда тавонанд. Дар машварат роҳбарон, кормандон ва намояндагони Раёсати муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, маъмурияти волии вилоят, маҷлиси қонунбарор ва ҳукумати вилоят, раёсати муҳоҷирати вилоят, намояндаи ваколатдори ҳукумати Федератсияи Русия дар вилояти Самара, намояндагони воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистону Русия ва коршиносон ширкат меварзанд.Машварат бо ташаббуси Раёсати муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон бо кӯмаки шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушод — Бунёди мадад» дар Тоҷикистон, дафтари Созмони байналхалқии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва шӯъбаи Агентии ҳамкории техникӣ ва рушд дар Тоҷикистон гузаронида мешавад. Намояндагони Тоҷикистон аз 18 то 24 май бо коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар сохтмонҳо, корхонаҳои саноатӣ ва бозорҳои вилояти Самара кор мекунанд, мулоқотҳо карда бо шароити зиндагӣ ва меҳнати онҳо шинос гардида, бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои расмию ғайрирасмии коргарони муҳоҷири тоҷик вохӯриҳо мегузаронанд. Дар ҷараёни онҳо роҳу усулҳои беҳтар сохтани шароити зиндагӣ ва кори коргарони муҳоҷир муайян карда мешаванд. Маълумоти АМИТ «Ховар» : Соли 2008 дар ҳудуди вилояти Самара зиёда аз 230 ҳазор коргари муҳоҷири хориҷӣ ба кайд гирифта шуд. Шумораи онҳо дар ин ҷо нисбат ба соли 2007 — ум 18,9 фоиз афзуд. Соли гузашта дар вилояти Самара ба 25 ҳазор коргари хориҷӣ иҷозатномаи кор дода шуд. Аз теъдоди умумии коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар вилояти Самара 44,1 фоизи онро намояндагони Ӯзбекистон ва 27,3 фоизро намояндагони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Соли 2008 дар вилояти Самара коргарони муҳоҷири 46 мамлакати ҷаҳон ба қайд гирифта шуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






