МУЛОҚОТҲОИ Ҳ.ЗАРИФӢ ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ

Май 20, 2009 16:37

                        Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯзҳо дар Арабистони Саудӣ мусофират дорад. Вай дирӯз дар ин ҷо бо вазири молияи ин мамлакат, раиси Фонди рушди Саудӣ Иброҳим Абдулазиз Алассоф мулоқот кард.                        Зимни сӯҳбат масъалаҳои марбут ба ҳамкории иқтисодии хар ду кишвар муҳокима шуданд. Аз ҷумла, ба маблағгузории Фонди рушди Саудӣ бо мақсади амалӣ сохтани баъзе барномаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла, дар соҳаи гидроэнергетика диққати махсус дода шуд. Ҳ.Зарифӣ ба мусоҳибаш дар бораи имкониятҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла, нерӯгоҳҳои барқии дарёи Вахш, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ба мамлакатҳои ҳамсоя, инчунин, рушди тиҷорат дар байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба воситаи қаламрави Эрон ва Бандари Аббос маълумоти муфассал дод.                      Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба намояндаи Арабистони Саудӣ барои иҷрои 7 барнома дар Тоҷикистон, аз ҷумла, сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб — Қалъаи Хум, дармонгоҳ дар Хуҷанд ва 5 мактаб дар Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои вилояти Хатлон изҳори сипос намуд.                       Ҳамон рӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо раиси бунёди хайрияи «Алвалид ибни Талол» Амир Алвалид ибни Талол мулоқот кард. Ҳ. Зарифӣ зимни сӯҳбат ба роҳбарияти бунёди мазкур барои расондани кӯмаки хайрия ба сокинони Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Қайд карда шуд, ки чунин кӯмакро дар оянда ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, хонаҳои бачагон ва одамони солхӯрдаи бесарпаноҳ расондан мумкин аст. Зикр шуд, ки иҷрои чунин барномаҳо ба туфайли ҳамкории муштараки судбахш бо фонди хайрияи Тоҷикистон имконпазир гардид.                       Мусоҳибон зимни муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ аҳамияти калони мулоқоти соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Арабистони Саудиро таъкид намуданд, ки бояд рӯзҳои 22 ва 23 май дар Душанбе гузаронида шавад.                    Амир Алвалид ибни Талол изҳор намуд, ки ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, хусусан дар соҳаҳои туризм ва сохтмони меҳмонхонаҳо тайёр аст. Ҳар ду ҷониб паймон карданд, ки ҳайати фонд таҳти роҳбарии Амир Алвалид ибни Талол ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард.                     Зимни мулоқот муроҷиатномаи Ҳукумати Тоҷикистон ба мамлакатҳои дӯст, СММ ва созмонҳои мӯътабари байналхалқӣ дар бобати расондани кӯмак ба зарардидагони боришҳои шадид баррасӣ карда шуд. Намояндаи Арабистони Саудӣ изҳор намуд, ки ин масъала ҳамаҷониба омӯхта ва ба зарардидагон кӯмак расонда хоҳад шуд.  

Май 20, 2009 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад