МУЛОҚОТ БО ПРОКУРОРИ ВИЛОЯТИ САМАРА
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Сардори Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милиса Сафиулло Девонаев 18 май бо прокурори вилояти Самараи Федератсияи Русия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, корманди ифтихории прокуратураи Федератсияи Русия Юрий Денисов мулоқот кард. С.Девонаев зимни сӯҳбат зикр намуд, ки муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон таърихи тӯлонӣ дошта, муносибатҳои ду халқи бародарро ифода менамояд. Сиёсати муҳоҷирати ҳар ду давлат сол то сол ташаккул ёфта ва шаффофтар мегардад. Асоси онро ҳимояи манфиатҳои миллӣ ташкил медиҳад, ки ба мақсаднокии иқтисодии ҷалби қувваи кори хориҷӣ бо андешидани тадбирҳои ҳифзи бозори дохилии меҳнат, таъмини амнияти миллӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ мувофиқ карда шудааст. Муҳоҷирати меҳнатӣ масъалаи ниҳоят нозук буда, онро бо назардошти манфиатҳои ҳар ду ҷониб ҳал кардан лозим аст, гуфт Девонаев. Зимни мулоқот масъалаҳои беҳудаю баҳуда боздоштани коргарони муҳоҷири тоҷик, вазъияти содир гардидани ҷиноят дар вилояти Самара вобаста ба фаъолияти коргарони муҳоҷир, аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон муҳокима карда шуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






