МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО ИБРОҲИМ АБДУЛАЗИЗ АЛ-АССОФ
Душанбе, 20 май. (НИАТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар шаҳри Ар-Риёз 19 май, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири молия ва раиси Фонди саудӣ оид ба тараққиёт Иброҳим Абдулазиз ал-Ассоф мулоқот анҷом дод. Ҳамрохон Зарифӣ ва Иброҳим Абдулазиз ал-Ассоф дар ин мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои иқтисодии ҳарду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ҷараёни сӯҳбат ба сармоягузории Фонди саудӣ оид ба тараққиёт ба мақсади амалӣ шудани баъзе лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи гидроэнергетика, таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид. Дар ҷараёни гуфтушунид ҷониби саудӣ дар бораи имконоти Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика, аз ҷумла, силсилаи нерӯгоҳҳои барқии дарёи Вахш — Нораку Роғун, роҳҳои таҳвили барқ ба кишварҳои ҳамсоя — Афғонистону Покистон, ҳамчунин имконоти тиҷорати байни ҳарду кишвар аз тариқи Эрон, (Бандар Аббос) маълумоти муфассал гирифт. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҷониби саудӣ нисбати амалӣ шудани 7 лоиҳа дар Тоҷикистон аз ҷониби ин Фонд — роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб, дармонгоҳи модару кӯдак дар Хуҷанд, 5 мактаби миёна дар ноҳияҳои Ваҳдат ва Ҳисор, ноҳияҳои вилояти Хатлон изҳори миннатдорӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Департаменти итилооти ВКХ ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






