МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО САФИРИ НАВИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳ. Зарифӣ 28 май сафири нави Туркманистон дар Тоҷикистон Нурбердӣ Амонмуродовро ба ҳузур пазируфт. Сафири Туркманистон ба Ҳ. Зарифӣ нусхаи эътиборномаи худро супорид. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба вазъияти имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон баҳои мусбат дода, самтҳои афзалиятноки ҳамкории ҳар ду мамлакатро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт муайян намуд. Вай таваҷҷӯҳи сафирро ба имкониятҳои мавҷудаи вусъат додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду мамлакат ҷалб кард. Вазир дар бораи ҳамкории ҳар ду давлат сухан ронда, зикр намуд, ки вақтҳои охир роҳҳои истифодаи оқилонаю самарабахши захираҳои обу энергетикаи Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ мавзӯи баҳсу мунозира ва нофаҳмиҳо ва ҳатто сабаби муташанниҷ гардидани вазъият мегардад. Ин натиҷаи нодуруст шарҳу тавзеҳ додани мавқеи Тоҷикистон дар ин масъалаҳо мебошад. Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар бобати сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ пеш аз ҳама ба ҳалли проблемаҳои обу энергетикаи минтақа, проблемаҳои экологии баҳри Арал ва сафарбар намудани манбаъҳои он барои ноил гардидан ба рушди устувори ҳамаи мамлакатҳои минтақа равона шудааст. Қайд карда шуд, ки Ҳукумати ҶТ дар бобати амалӣ сохтани барномаҳои гидроэнергетикӣ сиёсати ошкорбаёнӣ ва ба инобат гирифтани манфиати давлатҳои ҳамсояро пеш гирифтааст. Зимни сӯҳбат масъалаҳои марбут ба иштироки Туркманистон дар фаъолияти Консорсиуми байналмилалии анҷоми сохтмони НБО Роғун мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сафири Туркманистон аз вазъияти муносибатҳои имрӯзаи Тоҷикистон бо кишвараш изҳори қаноатмандӣ карда, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро дилпур сохт, ки барои равнақу ривоҷи минбаъдаи муносибатҳои ҳар ду ҷумҳурӣ бо назардошти умумияти таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои таърихии дӯстона ва бародаронаи халқҳои тоҷику туркман кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






