МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АНДРЭ МЕРНИЕ

Май 6, 2009 14:47

                Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири Кулли Хартияи Энергетикӣ Андрэ Мерниеро ба ҳузур пазируфт.               Эмомалӣ Раҳмон ва Андрэ Мерние ин мулоқотро идомаи мантиқии сӯҳбате, ки онҳо се моҳ пеш дар шаҳри Брюсели Шоҳигарии Белгия доштанд, маънидод карда, ба таҳкиму густариши ҳамкорӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.               "Кишвари мо дорои захираҳои бепоёни энергетикӣ аст ва барои мавриди истифода қарор додани онҳо мо ба ҳамкории васеъ дар ин соҳа манфиатдорем", — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.               Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, "меъёру принсипҳои Аҳдномаи Хартияи Энергетикӣ, ки тамоми ҷанбаҳои фаъолиятро дар ин соҳа фаро мегиранд, заминаи хуби ҳамкорӣ ва истифодаи имкону захираҳои мавҷуда мебошанд".              Андрэ Мерние дар посух изҳор дошт: -"Мо медонем, ки Тоҷикистон барои раҳоӣ аз бӯҳрони энергетикӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёт илоҷи дигаре ғайр аз истифодаи захираҳои гидроэнергетикии худ надорад" ва таъкид намуд, ки Хартияи Энергетикӣ омодааст ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумла дар Тоҷикистону Афғонистон мусоидати фаъол намояд.Дабири Кулли Хартияи Энергетикӣ мусоидат кардан ба эҷоди заминаи боэътимоди ҷалб ва ҳимояи сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика ва ба бунёди бозори минтақавии нерӯи барқро аз ҳадафҳои асосии сафари худ ба Тоҷикистон маънидод кард.                Эмомалӣ Раҳмон ва Андрэ Мерние оид ба фаъолгардонии меъёрҳои Аҳдномаи Хартияи Энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мавриди ҳамкориҳои энергетикӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқол, таъмини транзити озоди нерӯи барқ ва ҳамчунин оид ба сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ ва нерӯи барқ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.                   Ба гуфти Андрэ Мерние, Хартияи Энергетикӣ дар сурати вуҷуд доштани иродаи сиёсӣ метавонад дар ҳаллу фасли ҳуқуқии баҳсҳои мавҷудаи миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба истифодаи захираҳои обию энергетикӣ саҳмгузор бошад.                 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Май 6, 2009 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад