МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РАИСИ БОНКИ МИЛЛИИ ШВЕЙТСАРИЯ
27-уми майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Раиси Бонки миллии Швейтсария Жан Пйер Роттро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Швейтсарияро муҳимтарин кишвари мададрасони Тоҷикистон номида, аз ҷумла изҳор дошт: «Мо аз Ҳукумати Швейтсария барои татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳим дар Тоҷикистон сипосгузорем ва манфиатдорем, ки муносибатҳои судманди ду кишвар боз ҳам таҳкиму густариш ёбанд». Жан Пйер Ротт изҳор дошт, ки Тоҷикистону Швейтсария ба як гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар муассисаҳои молиявии ҷаҳонӣ шомиланд ва пайваста аз манфиатҳои ҳамдигар пуштибонӣ мекунанд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии Швейтсария оид ба рушди инфрасохтор, ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, кам кардани хатари офатҳои табиӣ, идораи захираҳои обӣ, рушди бахши хусусию созмонҳои ҷамъиятӣ ва низоми қарздиҳии хурд лоиҳаҳои зиёди судманд амалӣ мешаванд. Ба нақши Бонки миллии Швейтсария дар омодасозии кадрҳои соҳаи бонкӣ, такмил додани сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ва расондани кӯмакҳои техникӣ баҳои баланд дода шуд. Гуфтугӯйи судманд оид ба ҳамкорӣ баҳри кам кардани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва дастгирӣ аз тадбирҳои зиддибӯҳронии ҳукумати мамлакат ва Бонки миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






