МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШИГЕО КАТСУ
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ Шигео Катсуро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд. Гуфтугӯйи судманд атрофи нишондодҳои рушди макроиқтисодии кишвар, андешидани тадбирҳои муассир баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, дастгирии буҷети давлатӣ ва бонкҳои саҳҳомӣ, мусоидат ба инкишофи соҳибкории хусусӣ, ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва ҳамчунин оид ба истифодаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва аҳамияти минтақавии он сурат гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки Умумиҷаҳонӣ барои ҷудо намудани 20 миллион доллари амрикоӣ грант баҳри дастгирии буҷети давлатии Тоҷикистон ва 14 миллион доллари дигар барои паст кардани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии озуқаворӣ арзи сипос кард. Шигео Катсу изҳор дошт, ки бо назардошти пайдо шудани сарчашмаҳои нави молиявӣ Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар муассисаҳои мададрасон метавонанд грантҳои иловагӣ барои дастгирии иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ҷудо намоянд.Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳо таъкид намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






