МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД

Май 25, 2009 10:34

                      Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳошияи иштирокаш дар кори иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Конфронси исломӣ шаҳри Димишқ 23 май бо Раиси Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқот анҷом дод.                      Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Бонки исломии рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.                       Дар ҷараёни сӯҳбат Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи ҳолат ва пешомадҳои ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои мусулмонӣ иттило дода, ҳамчунин таваҷҷӯҳи мусоҳибашро ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои ҷумҳурӣ ҷалб намуд, ки барои рушди ҳамкориҳо дар минтақа аҳамияти калон дошта метавонанд.                       Аҳмад Муҳаммад Алӣ омодагии бонки исломиро барои минбаъд низ саҳм гузоштан дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии Тоҷикистон таъкид намуд.                      Дар рафти мулоқот ҳамчунин ба таваҷҷӯҳи Раиси Бонки исломии рушд муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти кӯмаки фаврӣ ба минтақаҳои зарардида аз обхезиҳои рӯзҳои охир расонида шуд.

Май 25, 2009 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад