МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ ФАРҲАНГИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ ДАР ҚАЗОН

Май 4, 2009 15:57

                      Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Машварати навбатии шашуми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Қазон баргузор гардид. Дар он вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ иштирок дошт.               Иштирокчиёни машварат дар мавзӯи «Анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва ҷавонон» табодули назар намуданд. Ҳамчунин вазъияти имрӯза ва нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг муҳокима шуданд.             Зимни машварат таъкид шуд, ки дар доираи маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Екатеринбург рӯзҳои 15 ва 16 июни соли равон баргузор сохтани ҷашнвораи панҷуми ҳунари мамлакатҳои аъзои СҲШ пешбинӣ карда мешавад.             Иштирокчиёни машварат бо Президенти Ҷумҳурии Тотористон Минтемир Шаймиев мулоқот карда, дар тадбирҳои идонаи бахшида ба 123 — солагии шоири бузурги тотор Абдулло Тӯқай ширкат варзиданд

Май 4, 2009 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид