МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОНУ ИРОҚ
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар Димишқ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Ҳушёр Зиборӣ мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои гуногуни мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ шуда, пеш аз ҳама алоқамандии ду кишвар барои барқарор намудани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъкид гардид. Мавзӯи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифаи Нӯъмон эълон гардидани соли 2009 дар маркази диққати ҳамсӯҳбатон қарор гирифт. Дар робита ба ин, зимни қадрдонӣ аз бузургдошти ин чеҳраи намоёни ҷаҳони ислом, Ҳушёр Зиборӣ иброз намуд, ки намояндагони кишвараш дар чорабиниҳои ҷашнӣ дар Душанбе фаъолона иштирок хоҳанд кард. Вазири ироқӣ ҳамчунин ба мулоқотҳои сегонаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ҳангоми ҷашни Наврўз мароқи калон зоҳир намуда, омодагии худро барои иштирок дар мулоқоти ояндаи онҳо изҳор дошт.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






