МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ БА ТАНЗИМ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва рушди мушоракати иҷтимоӣ мақоми Созишномаи генералӣ асосӣ аст. Мӯҳлати амали Созишномаи генералӣ байни ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияҳои корфармоёни ҶТ ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои солҳои 2006-2008 ба охир расид. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи генералии байни Ҳукумати ҶТ, Иттиҳодияҳои корфармоёниҶТ ва Федератсияи итифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои солҳои 2009- 2011»-ро омода намуд. Санади номбурда бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2-юми феврали соли 2009 тасдиқ гардид. Дар ин ҳуҷҷати муҳим вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои тарафайн мушаххастар гардида, назорати иҷрои он қатъитар карда шудааст. Дар шароити таъсири бӯҳрони молиявӣ ба ҷараёни пардохти пурра ва саривақтии музди меҳнат «Дастуруламал оид ба пардохти маблағи иловагӣ ба кормандон ҳангоми бо айби корфармо ба таъхир афтодани музди меҳнат» таҳия ёфта аз қайди давлатӣ гузаронида шуд. Аз 1-уми апрели соли 2009 -26 ҳазору 758 корхона, ташкилоту муассисаҳо 10 ҳазору 371 корхонаю ташкилот тибқи Созишнома ва шартномаҳо фаъолияти худро ба роҳ монданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






