МУОВИНИ НАВИ РАИСИ КУМИТА БО СОҲИБКОРОН МУЛОҚОТ КАРД
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар доираи Тафоҳумномаи ҳамгироӣ, ки моҳи октябри соли ҷорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бизнес-ассотсиатсияҳои ҷумҳурӣ ба имзо расида буд, мулоқоти роҳбарияти Кумитаи мазкур бо намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии бизнес-ассотсиатсияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Шӯҳрат Раҳматбоев оид ба чораҳои андешидашуда, ки ба дастгирии рушди соҳибкорӣ дар мамлакат равона шудаанд ва афзалиятҳои густариши минбаъдаи он маълумот дода, зикр кард, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба беҳтар гардонидани шароити пешбурди тиҷорат як қатор ислоҳот гузаронид, ки ин боиси баланд гардидани фаъолнокии тиҷорат хоҳад буд. Ислоҳотҳои тартиби бақайдгирӣ, иҷозатномадиҳӣ ва санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор барои кам намудани хароҷотҳои иловагӣ ҳангоми пешбурди тиҷорат ва беҳтарсозии механизмҳои танзимкунандаи фаъолияти хоҷагидорию иқисодии субъектҳои соҳибкорӣ мусоидат менамоянд. «Бояд гуфт, ки ташкили фазои мусоиди сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати иқисодии давлат мебошад. Бинобар ин, айни ҳол дар асоси супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Paҳмон, ки дар паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 15 апрели соли ҷорӣ қайд шудааст, бо иштироки бевоситаи сохторҳои бахши хусусӣ, Шӯрои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ, ки лоиҳаву барномаҳоро роҷеъ ба рушди бахши хусусӣ ва беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар мамлакат амалӣ менамоянд, барномаи «Беҳбудсозии фазои соҳибкорӣ — 200 рӯзи ислоҳот» таҳия гашт, ки дар сатҳи мувофиқгардонӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қapop гирифта, дар рузҳои наздик ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад», — тазаккур дод Ш. Раҳматбоев. Қобили қайд аст, ки «Беҳбудсозии фазои соҳибкорӣ — 200 рӯзи ислоҳот» — ин барномаи тадбирҳои кӯтоҳмуддат мебошад, ки аз тарафи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди ислоҳоти маъмуриву танзимӣ татбиқ гашта, пеш аз ҳaмa ба рушди соҳибкорӣ, афзун намудани ҷолибияти сармоягузории кишвар ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рейтингҳои байналмиллалии Тоҷикистон равона карда шудааст. Инчунин, дар ҷараёни ин мулоқот ҷамъбасти кори муштарак дар доираи Тафоҳумномаи баимзорасида ва муҳокимаи нақшаҳои ояндаи ҳамкории самараноки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Чумҳурии Тоҷикистон бо бизнес-ассостсиатсияҳои мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






