НАХУСТИН СОМОНАИ РАСМИИ ТОҶИКИЮ ДИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ФАЪОЛ ГАШТ
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар шабакаи Интернет нахустин сомонаи расмии тоxикии динию маърифатӣ, аз санаи 12-уми май фаъол гашт. Он www.islom-sughd.tj унвон дорад. Дар ин сомона ба забони тоҷикӣ оид ба масъалаҳои ақида, тафсир, фиқҳ, Абӯҳанифашиносӣ ва амсоли ин бахшҳо ҷой дода шудааст. Барои хонандагон махсусан бахши савол ва фатвоҳо ҷой дода шудааст, ки метавонанд, мустақиман бо маъмурияти сайт дар тамос шуда ба саволҳои худ посух гиранд. Тавре ба АМИТ «Ховар» сардабири сомонаи номбурда Ислом Раҳимов, хабар дод, алҳол корҳои ворид кардани мавод ба сомона идома дорад ва то охири моҳи май пешорӯи хонандагон китобхонаи мукаммали электронӣ оид ба масъалаҳои динӣ арзи ҳастӣ хоҳад кард. Сомона дар назди Шӯрои уламои дини вилояти Суғд фаъолият мебарад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






