НАРХИ ОРД АЗ 70 БА 90-95 СОМОНӢ БОЛО РАФТ

Май 28, 2009 12:32

                       Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Нархи орд дар ҷумҳурӣ аз нав боло меравад.                       Боиси тазаккур аст, ки аз охирҳои моҳи августи соли 2008 то моҳи майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ нархи як халта орди навъи якум аз 130-135 сомонӣ ба 70 -75 сомонӣ паст фароварда шуд.                      Дар ҷамъбасти семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 зиёд истеҳсол кардани маҳсулоти ғаллагӣ сарсухани раисони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ буд. Ҳатто ғаллаи дар ин муддат аз хориҷи кишвар воридгардида ҳам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд арзёбӣ шуд. Вале нархи нони 2 сол пеш болорафта дигар ба ҳолати аввалаш барнагашт, чаро?                      Ба ин савол роҳбарони корхонаҳои нонпазӣ ва соҳибкорони инфиродӣ боло рафтани нархи ангишт ва барқро асос меоранд.

Май 28, 2009 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид