НАШЪАҶАЛЛОБОН БА МАҚСАД НАРАСИДАНД

Май 5, 2009 13:02

               Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар майдони ҳавоии пойтахт миқдори зиёди маводи нашъадори героинро ошкор ва мусодира намуданд. Онҳо зимни тафтиши бору бағоҷи яке аз мусофирони ҳавопаймои «Душанбе — Маскав» — шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия Лия Проскряноваи 22 — сола 4 покети полиэтиленӣ ёфтанд, ки пур аз бодом ва зардолуқоқ буд. Дар дохили бодом ва зардолуқоқ маводи нашъадори героин пинҳон карда шуда буд. Вазни умумии он 4 килограмму 214 грамм мебошад.              Кормандони шӯъбаи нӯҳуми Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ шаби 5 май дар хиёбони Рӯдакӣ сокини шаҳри Душанбе Равшан Раззоқовро дастгир намуданд. Дар натиҷаи кофтукови шахси номбурда 732 грамм афюни хом мусодира карда шуд. Маълум шуд, ки Р.Раззоқов маводи нашъадорро аз Тоҷиддин Саидов ном шахс харидааст. Баъдан дар натиҷаи кофтукови хонаи Т.Саидов боз 220 грамм афюни хом мусодира карда шуд.            Кормандони Раёсати мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД Тоҷикистон шаби гузашта дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви ноҳияи Фирдавсӣ сокини 21 — солаи ноҳияи Ванҷ Ҷасур Ғайратовро дастгир намуданд, ки аз ӯ се килограмму 930 грамм моддаи нашъадори хашиш мусодира карда шуд.           Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз рӯи ҳамаи ин воқеаҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуданд ва тафтиши онҳо давом дорад.

Май 5, 2009 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад