НАТИҶАҲОИ АВВАЛИ АМАЛИЁТИ «КӮКНОР- 2009»

Май 20, 2009 14:06

                       Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 19 май кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашаъовари ВКД-и ҷумҳурӣ дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди ҷамоти С. Турдиеви ноҳияи Панҷ шаҳрванди вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадориф валади Ҳасанбойро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтуков аз халтаи ӯ 10 кг 710 грамм афъюн ёфт ва мусодира карда шуд.                      Инчунин, худи ҳамон рӯз кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар натиҷаи амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди деҳаи «Москва»-и ҳамин ноҳия шаҳрванд Сироҷиддин Назарови 21- соларо дастгир карданд. . Ҳангоми кофтуков аз ӯ 4кг 30 гр ҳашиш ёфт ва мусодира карда шуд.                      Тавре аз ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамаи ин амалиётҳои махсус дар доираи амалиёти «Кӯкнор- 2009» гузаронида мешаванд. Оиди ҷиноятҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз карданд.

Май 20, 2009 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар