НИНО БУРҶАНАДЗЕ СААКАШВИЛИРО БА СУД МЕДИҲАД

Май 20, 2009 17:33

                       Тифлис, 20 май. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС ). — Раиси собиқи парлумони Гурҷистон Нино Бурҷанадзе, қарор дод, ки Президенти мамлакат Михаил Саакашвилиро ба суд диҳад. Н.Бурҷанадзе айни ҳол ба ҳизби мухолифи «Ҷунбиши демократӣ — Гурҷистони воҳид» роҳбарӣ мекунад.                        Н.Бурҷанадзе дар Тифлис зимни сӯҳбат бо хабарнигорон зикр намуд, ки М.Саакашвили дар изҳороти охирини худ кӯшиш менамояд, шаъну эътибор ва шӯҳрати сиёсии ӯро таҳқир намояд. Қайд карда шуд, ки агар мақомоти суди Гурҷистон аризаи шикоятии ӯро бо сабабҳои маълум қабул накунанд, вай ҳатман ба суди байналхалқии Страсбург шикоят хоҳад кард.                         Ба қавли раиси собиқи парлумон, Саакашвили вақтҳои охир чандин маротиба изҳор намудааст, ки фаъолияти сиёсии Бурҷанадзе аз Русия бо маблағ таъмин карда мешавад ва дар байни мухолифин шахсоне ҳастанд, ки ба манфиати яке аз мамлакатҳои бо Гурҷистон хусуматдошта кор мекунанд. Онҳо барои ин аз ин мамлакат маблағи зарурӣ мегиранд. Чунин даъвоҳо ягон асоси воқеӣ надоранд, гуфт Н.Бурҷанадзе. Намояндагони мақомоти дахлдори Гурҷистон ин суханони Бурҷанадзеро то ҳол шарҳ надодаанд.                      Н.Бурҷанадзе аз моҳи ноябри соли 2001 то моҳи майи соли 2008 раиси парлумони Гурҷистон буда, ду маротиба зимни истеъфои пеш аз мӯҳлати Э.Шеварднадзе ва М.Саакашвили вазифаи президентро иҷро кардааст. Ӯ аз моҳи ноябри соли 2008 роҳбари ҳизби мухолифи ҳукумат буда, дар мавриди истеъфои М.Саакашвили яке аз номзадҳои мансаби президентӣ мебошад.

Май 20, 2009 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд