НОМЗАДҲО БА МАҚОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН МУАЙЯН ШУДАНД

Май 22, 2009 10:56

                        Душанбе, 22 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон 4 номзад ба мақоми Президенти ин кишвар муайян шуд. Онҳо Президенти феълии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод, собиқ сарвазири Эрон Мир Ҳусейн Мусавӣ, Раиси қаблии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Маҳдӣ Каррубӣ ва собиқ фармондеҳи сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Мӯҳсин Ризоӣ мебошанд, ки аз ҷониби Шӯрои нигаҳбони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон — органи олии назорати конститутсионии ин кишвар тасдиқ гардидаанд.                          Назар ба иттилои намояндаи бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста, имрӯз Эронро фазои интихоботӣ фаро гирифтааст. Номзадҳои эълоншуда тавассути телевизион ва радиои давлатӣ таблиғоти пешазинтихоботӣ мебаранд. Ҳамзамон, ба минтақаҳои гуногуни мамлакат сафар карда, бо мардум вохӯрию мулоқот менамоянд. А. Ороста зикр кард, ки аз байни чор номзад Президенти кунунии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ва Ҳусейн Мусавӣ имконоти бештари ба сари қудрат омаданро доранд. Дар интихоботи президентӣ дар Эрон, ки 12 июн баргузор мешавад, ҳудуди 30 миллион нафар райъдиҳандагон Президенти ояндаи ин кишварро интихоб менамоянд.

Май 22, 2009 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад