ОҚИБАТИ БОРОНҲОИ ТӮЛОНӢ
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар натиҷаи боронҳои шадиди тӯлонӣ 3 май дар ҷамоати Обикиики ноҳияи Хуросон сел омад ва 20 метр роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа — Душанбе хароб гардид. Бо ҳамин сабаб рафту омади нақлиёт дар роҳи мазкур то соати 17 — и 3 май қатъ гардид. Илова бар ин боронҳои тӯлонӣ дар ҷамоати Кӯлчашмаи ноҳияи Мӯъминобод сабаби хароб гардидани панҷ хонаи шахсӣ гардид. Инчунин дар деҳаи Леҷаки Ғеши ноҳияи Балҷувон дар натиҷаи фуромадани ярч 150 метр роҳи мошингарди байни деҳаҳои Боғи Зоғон ва деҳаи Дашти Кӯлкоб баста шуд. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар маҳалҳои фалокати табиӣ ситодҳо ташкил карда шуданд ва барои бартараф сохтани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






