ОҲАНГСОЗИ БАРҶАСТАИ ТОҶИК 80-СОЛА МЕШАВАД
Душанбе, 4 май.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҶТ ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, бахшида ба 80-солагии оҳангсози барҷастаи тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов, 5 май дар толори консертии донишкада шаби эҷодӣ баргузор мегардад. Дар ҷамъомад аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ ва ёру дӯстони Шарофиддин Сайфиддинов иштирок намуда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ сухан мекунанд. Дар хотима, аз рӯи оҳангҳои ин оҳангсози шинохта ҳунармадони тоҷик барномаи консертиро пешкаши аҳли нишаст хоҳанд намуд. Бояд ёдовар шуд, ки Шарофиддин Сайфиддинов барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ буда, ба бисёр шеърҳои шоирон, аз ҷумла «Шарора», «Пӯлод ва Гулрӯ», «Ёри дил» ва ғайра оҳанг бастааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






