О. ОҚИЛОВ СОХТМОНЧИЁНИ ИДМ-ро БАҲУЗУР ПАЗИРУФТ
Душанбе, 15 мая. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо роҳбарони ҳайатҳои Шўрои байниҳукуматии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон, ки барои иштирок дар ҷаласаи 27- уми Шӯрои мазкур ба Душанбе омада буданд, мулоқот кард. Оқил Оқилов изҳор дошт , ки дар Тоҷикистон ба рушди соҳаи сохтмону меъморӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад ва натиҷаи ин сиёсат аст, ки дар мамлакат сохтмону навсозии иншоотҳои ҳаётан муҳим ба анҷом расонида шуда, сохтмону тармими иншоотҳои дигар бомаром идома доранд. Мо кӯшиш мекунем, ки дар оянда ҳамкории давлатҳои аъзои Шўрои мазкур дар соҳаи сохтмону меъморӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад то сохтмончиёну меъморон пайваста аз таҷрибаи ҳамдигарӣ баҳравар гарданд, таъкид кард Оқил Оқилов. Дар анҷоми вохўри Сарвазири мамлакат изҳори умед кард , ки ҷаласаи 27- уми Шўрои байниҳукуматии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон дар сатҳи зарурӣ доир гардида дар рушди муносибатҳои давлатҳои аъзои Иттиҳод дар самтҳои афзалиятноки соҳаи сохтмону меъморӣ , сиёсати шаҳрсозӣ ва дигаргунсозии нақшаҳои генералии шаҳрҳо нақши муассир мегузорад.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад






