ОФАТИ ТАБИӢ БА ПАНҶАКЕНТ НИЗ ТАҲДИД МЕКУНАД

Май 4, 2009 16:47

                Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бар асари борон ва жолаи шадид ва омадани сел 2 май дар ноҳияи Панҷакент беш аз 30 хона қисман зарар дида, тақрибан ба 500 гектар боғот ва киштзор хисорот расидааст.                 Сардори шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Панҷакент Парвиз Амонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ин ҳодиса дар маҳаллаҳои даҳсолагии Истиқлолият ва Шодиёнаи шаҳри Панҷакент рух дода, ҳамзамон ба боғот ва киштзори атрофи он зарар расонид. Дар ин ҳодисаи табиӣ 5 сар гови шохдори сокинони деҳаи Тошманори ноҳияро сел ба коми худ кашидааст.               Ӯ афзуд, ки айни замон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо ситоди ҳолатҳои фавқулодда комиссияи махсус таъсис дода, ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ амалиёти барқароркуниро шурӯъ намудаанд.

Май 4, 2009 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид