ОФАТИ ТАБИӢ ВА ХИСОРОТИ ОН БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи иттилоои Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар натиҷаи боридани боронҳои пуршиддат дар деҳаи Даҳкати ҷамоати Росровути ноҳияи Ғончӣ, ҷамоатҳои Ёрӣ, Ворӯ ва Рӯдакии ноҳияи Панҷакент, инчунин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба як қатор хоҷагиҳо, хисорот расид. Дар шаҳри Панҷакент, маҳаллаҳои 10-солагии Истиқлолият ва Шодиёна дар натиҷаи боридани борони сахт ва жола 4 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дида, ба 29 хонаи боқимондаи истиқоматии дигари маҳаллаҳои мазкур сел ворид шуда, фақат ба иншооти ёрирасон зарар расонид. Дар ноҳияи Зафаробод бошад бар асари бориши борони пуршиддат ва жола ба кишти зироатҳои кишоварзӣ ва боғзор зарари моддӣ расидааст. Бино ба иттилои манбаъ дар ноҳияи мазкур дар натиҷаи офати табиӣ асосан майдони пахта — 717 га, ғалладона — 561 га, сабзавот — 86 га ва боғзор — 3 га хисорот дидаанд. Инчунин, дар ноҳияи Спитамен дар вақти боридани борон раъду барқ ба амал омада, дар натиҷа 4 нафар сокини деҳаи Қӯштегирмони ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳоло осебдидагон дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ мебошанд. Дар ҳудуди ҷамоати деҳаи Куркати ин ноҳия, баъди боридани борон аз тарафи Ҷумҳурии Қирғизистон сел омада, гузаргоҳи муваққатии шоҳроҳи Хуҷанд-Зафарободро дар километри 126 пурра хароб гардонид. Дар маҳалҳои аз офати табиӣ зарардида коммиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияҳои мутазаккира баҳри муайян намудани ҳаҷми хисорот ва маблағи зарар кор бурда истодаанд. Гуфтанист, ки дар ин ҳодисаҳои табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.








Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд






