ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ ВАҲДАТ СУРЪАТ МЕГИРАД

Май 4, 2009 13:05

              Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар яке аз иншооти ҷашнии вилояти Суғд — чойхонаи миллӣ дар Боғи Ваҳдат, ки ба муносибати 12-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар кишвар бунёд мешавад, марҳилаи чўбкорӣ оғоз гардид.                Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳоло дар ин иншооти аҳамияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дошта, ки бояд рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, корҳои сохтмонӣ босуръат идома дорад. Воқеан интихоби мавзеъ барои сохтмони чойхона хеле мувофиқ буда, он минбаъд бояд ба як макони фароғату истироҳати шаҳрвандон табдил ёбад. Чойхонаи нав, ки аз ҷониби Президенти мамлакат поягузорӣ шудааст, аз 3 толор -асосӣ, нақшбандишуда ва гаҷкоришуда иборат аст. Ҳоло дар ин иншоот беш аз 300 нафар устоҳои чирадасти чубкор ва наққошу кандакор, аз ҷумла 70 нафар занони ҳунарманд машғули кор ҳастанд. Дар ин чойхона 30 сутуни аз рўи анъанаҳои милливу қадимӣ кандакоришуда насб мешавад.

Май 4, 2009 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд