ОРМОНҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН ТАҶАССУМ ЁФТ

Май 15, 2009 09:08

                      Душанбе, 15 май,(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Теҳрон дар доираи баргузории 22-умин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» бо иштироки ҳайати баландпоя ва аҳли фарҳанги Тоҷикистон, намояндагони давлатҳои аъзои ЭКО Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.                     Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Рамазон Мирзоев доир ба муносибатҳои неку дӯстонаи Тоҷикистону Эрон сухан кард. Дипломати тоҷик ба сатҳи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамзабон, хусусан робитаҳои фарҳангӣ баҳои баланд дода, онро самараи неки иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвар арзёбӣ намуд.                      Ҳамчунин, раисони Анҷуманҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон Мирзо Муллоаҳмадов ва Шабистарӣ, раиси пажӯҳишгоҳи фарҳангии ЭКО Муҳаммад Раҷабӣ, шоири шинохтаи тоҷик Зиё Абдулло, директори китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Шариф Тошев ва дигар донишмандони тоҷик роҷеъ ба робитаҳои дӯстонаю бародарӣ, илмию фарҳангии ду кишвар, мақоми китоб дар ҳаёти инсоният, аҳамияти байналмилалии намоишгоҳи китоб ва тавсеаи ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳои аъзои ЭКО табодули назар карданд. Дар ин рӯз дастовардҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуда буд.                      Назар ба иттилои муҳаққиқи пажӯҳишгоҳи фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо Рӯзи миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардида, таҷассумгари ормонҳои миллии тоҷикон буд.

Май 15, 2009 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар