ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ ИШТИРОКЧӣ ДАР «ПАНҶ СИТОРА- ИНТЕРВИДЕНИЕ»
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва Иттифоқи композиторони ҶТ бо мақсади ҷустуҷў ва дастгирии сарояндагони ҷавони боистеъдоди мусиқии оммавӣ, ривоҷу равнақи санъати сарояндагӣ ва барои интихоби намояндаи ҷумҳурӣ дар озмуни байналмилалии мусиқии маъмули кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия «Панҷ ситора. Интервидение» озмун эълон мекунад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, озмун дар ду давра гузаронида мешавад. Давраи якум: комиссияи интихоби миллӣ 10 нафар довталабон ё гурўҳҳоро барои иштирок дар озмун интихоб менамояд. Давраи дуюм: Аъзои ҳакамони касбӣ ҳамроҳи комиссияи интихоби миллӣ аз байни 10 нафар ё гурўҳҳо, 1 нафар ё гурўҳро барои иштирок дар озмуни байналмилалӣ муайян мекунанд. Озмуни мазкур дар яке аз толорҳои консертӣ 19 ва 20 июн гузаронида мешавад ва аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ инъикос карда мешавад. Дар озмун метавонанд сарояндагони ҷавон, ки дар соҳаи мусиқии маъмул фаъолият мекунанд, асарҳои дар жанрҳои «суруди эстрадӣ», «суруди рақсӣ», «суруди дар жанри рок», «суруди фолклорӣ (халқӣ)», дар самтҳои «соло», «дуэт», «ансамбл», ки дар тонстудияҳои касбӣ сабт карда шудаанд, иштирок кунанд. Дар самтҳои «ансамбл» гурўҳҳое иҷозат дода мешаванд, ки аз 5 нафар иборат мебошанд. Довталабоне, ки синну солашон аз 16 то 30 сола аст, дар озмун ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Довталабон ба комиссияи интихобии миллӣ сабти фонограммаҳои худро, репертуари сурудҳои ба озмун пешниҳодшударо — номи суруд, номи оҳангсоз, шоир, продюсер ва дигар маводҳои заруриро то 10 июни соли ҷорӣ пешниҳод карда метавонанд. Иштирокчиёни озмун се сурудро — суруди тозаэҷод (муаллифӣ ё аз худи иштирокчии озмун) ба забони тоҷикӣ, суруди «Ретро Хит» (суруди шлягерҳои асри ХХ) бо забони русӣ ва суруди «Хити ҷаҳонӣ» (Мировой хит) асари мусиқии ба оммаи васеъ шинос аст, ба забони аслӣ бо истифодаи фонограммаи нопурра метавонанд иҷро кунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






