ОЗМУНИ ПАЖӮҲИШГОҲИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БАРОИ ЖУРНАЛИСТОН
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Пажӯҳишгоҳи Бонки рушди Осиё барои журналистони мамлакатҳои рӯ ба инкишофи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором дар мавзӯи «Осиёи рӯ ба инкишоф» озмун эълон намуд. Аз намояндагии доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мақолаҳои ба озмун пешниҳодшуда, дар чор мавзӯъ муҳокима карда мешаванд. Ин мавзӯъҳо таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба одамони камбизоат, вокуниши ҳукуматҳо ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, рушди соҳаҳои ёрирасон ва бартараф сохтани оқибати гарм шудани иқлим мебошанд. Ҳайати байналхалқии доварон 20 мақолаи беҳтаринро интихоб карда, муаллифони онҳоро ба машғулияти чоррӯза ба Токио мефиристад. Аз байни мақолаҳои интихобшуда дар ҳар мавзӯъ ғолибон муайян карда мешаванд. Ҷоизаҳои озмун дар фарҷоми машғулият дар Токио супурда хоҳанд шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Пажӯҳишгоҳи Бонки рушди Осиё соли 1997 дар Токио таъсис дода шуда буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






