ПАРВАНДАИ ШИРКАТИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Муҳокимаи парвандаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген — ЛТД» ба миёнаҳои моҳи май таъин карда шуд. Намояндаи ваколатдори ширкати мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарчағайшо Ҳақназаров моҳи март ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муайян намудани мувофиқати баъзе моддаҳо ва қисмҳои Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти судҳои иқтисодӣ дархост пешниҳод намуд. Дархости мазкур ба масъалаи муайян намудани мӯҳлати муҳокимаи аризаҳо ва дархостҳо аз рӯи тартиботи назоратӣ дахл дорад. Ширкати «Айренген — ЛТД» дар соҳаи тиҷорат фаъолият дорад ва қароргоҳи марказии он дар шаҳри Санкт — Петербург воқеъ аст. Дар Тоҷикистон филиали ширкат амал мекунад, ки маблағи асосии дороии онро сармояи Русия ташкил медиҳад. Намояндаи ширкати мазкур Александр Румянцев мебошад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ширкати тиҷоратии «Айренген — ЛТД» 22 августи соли 2000 дар савдои музоядаи фурӯши корхонаҳои хусусигардонидашаванда ғолиб омада, Ҷамъияти саҳҳомии «Пахтаи Пролетар» — ро харида буд. Ҷамъияти саҳҳомии мазкур дар заминаи корхонаи пахтатозакунии ноҳияи Ҷаббор Расулов ташкил ёфтааст. Нархи фурӯши корхона 200 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил медод. Вале Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2003 ба Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ дар бораи беэътибор донистани ҳуҷҷатҳои савдои музояда аз 22 августи соли 2000 дар масъалаи фурӯхтани Ҷамъияти саҳҳомии «Пахтаи Пролетар» эътирознома пешниҳод намуд. Дар ин масъала ҷавобгар Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Бо қарори Суди олии иқтисодӣ ҳуҷҷатҳои савдои музоядаи зикршуда бо сабаби риоя нашудани мӯҳлати гузаронидани савдои музояда беэътибор дониста шуданд. Ширкати «Айренген — ЛТД» моҳи октябри соли 2003 аз болои қарори Суди олии иқтисодӣ аризаи шикоятӣ пешниҳод намуд. Суди дараҷаи болоӣ қарори суди зинаи поёниро бекор карда, созишномаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ ва Ҷамъияти саҳҳомии «Пахтаи Пролетар» — ро тасдиқ намуд. Суди дараҷаи болоӣ моҳи ноябри соли 2003 қарори мазкурро бекор карда, ҳукми қонунии қарори Суди олии иқтисодиро барқарор намуд. Намояндагони ширкати «Айренген — ЛТД» то имрӯз чандин маротиба ба мақомоти гуногуни муҳофизи қонун аз рӯи далелҳои нав аризаю дархостҳо пешниҳод намуданд. Аризаи навбатии ширкат акнун дар Суди конститутсионии ҷумҳурӣ муҳокима капрда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






