ПИЛЛАПАРВАРОНИ НОҲИЯИ ҲИСОР НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

Май 18, 2009 13:04

                      Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ миёни ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аввалин шуда ноҳияи Ҳисор нақшаи пилласупориро 101 фоиз иҷро кард. Пиллапарварони ноҳия ба ҷои 30 тонна то 18-уми май 30 тоннаю 317 кг пиллаи баландсифат ба нуқтаҳои қабул супориданд.                   Маҳсусан кори хуби хоҷагиҳои кооперативи истеҳсолии «Карл Маркс», «Ватан», «Боғистон» ва «Шараф» боиси ифтихор аст, ки нақшаи кории худро мутаносибан -149, 128, 128 ва 118 фоиз иҷро намуданд.                 Пилласупорӣ дар дигар хоҷагиҳо давом дорад. Дар назар аст, ки хоҷагиҳои пиллапарвар илова ба нақша боз 6 тонна пиллаи хушсифат ба давлат фурӯшанд.               Дар ин бора роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҳисор Бобосафар Шарипов иттилоъ дод.

Май 18, 2009 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид