ПОКИСТОН ДАР «ҶАЗИРА» РАВЗАНА БОЗ НАМУД

Май 7, 2009 09:48

                     Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Маркази фарҳангии Покистон» таъсис дода шуд. Ин Марказ дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон созмон дода шудааст. Дар маросими ифтитоҳи он Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Халид Усмон Қайсар, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултаи мазкур иштирок намуда, ифтитоҳи онро фоли неке аз тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар бахши маориф арзёбӣ карданд. Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ифтитоҳи Маркази омӯзиши Покистонро иқдоми наҷиб ва муҳими Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар рушди маорифу фарҳанг, густариши ҳамкории судманди Тоҷикистону Покистон маънидод намуда, гуфт, ки робитаҳои илмию фарҳангии мардумони тоҷику покистонӣ анъанаҳои неку қадима доранд. Имрӯз дар ҳар як хонадони тоҷик ва муассисаҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон осори Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба таври васеъ омӯхта мешавад, ки он аз таваҷҷӯҳи мардуми тоҷик ба фарҳанг ва илму адаби ин сарзамин далолат мекунад. «Маркази фарҳангии Покистон», бо техникаи ҳозиразамон, адабиёти илмию бадеӣ таъмин гардида, барои донишҷӯёну муҳаққиқон тоҷик ҷиҳати омӯзиши адабиёт ва фарҳанги мардуми Покистон имкони бештареро фароҳам сохтааст.                  Бояд тазаккур дод, ки дар даврони истиқлолият робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар бахши маориф густариш ёфт. Хусусан, баъди сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2004 ба Покистон дар робитаҳои вазоратҳои маорифи ду кишвар саҳифаи нав боз гардид.                    Котиби матбуоти Вазири маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ик тибқи мувофиқаҳо бештари ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Покистон аз рӯи ихтисосҳои технологияи иттилоотӣ, тиб ва омӯзиши забони урду ба таълим фаро гирифта шудаанд. Аз соли 1994 то соли 2008 ба муассисаҳои таҳсилоти олии Покистон 142 нафар ҷавонони тоҷик фиристода шудаанд. Дар мактабҳои олии Тоҷикистон бошад, 26 нафар шаҳрвандони Покистон дар риштаҳои гуногун таҳсил менамоянд.  

Май 7, 2009 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид