ПОСИ ХОТИРИ ПРОФЕССОР МИНҲОҶ ҒУЛОМОВ
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Лудмила Дубинина). — Ба муносибати 80 — солагии рӯзи таваллуди олими машҳури соҳаи тиб, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, профессор Минҳоҷ Ғуломов дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯлӣ ибни Сино бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон ва меҳмонон конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар он дар бораи пешрафти соҳаи тиб ва дастовардҳои олимони тоҷик, инчунин, саҳми профессор М.Ғуломов дар ташкили муассисаҳои тиббии табобати бемориҳои асаб, майзадагӣ ва нашъамандӣ маърӯзаҳо хонда шуданд. Мудири кафедраи ҷарроҳӣ, академик Н.Усмонов, корманди кафедраи бемориҳои асаб ва нашъамандии ба номи М.Ғуломов З.Қодирова дар бораи ҳаёту эҷодиёти М.Ғуломов сухан ронданд. Дар робита вазъи имрӯзаи соҳаи тиб дар Тоҷикистон ва хусусан табобати бемориҳои асаб, нашъамандӣ ва майзадагӣ дар Тоҷикистон, истифодаи дастовардҳои илми тибби ҷаҳонӣ, ташхиси дурусти беморӣ ва табобати беморон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






