ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ БА МАРЗБОНОН БАЙРАҚИ ҶАНГӢ СУПОРИД

Май 28, 2009 13:36

                         Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз, 28 май дар Коҳи Ваҳдат бахшида ба 15 — солагии таъсиси Артиши марзбони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд.                          Сарвари давлат дар ҳузури иштирокчиёни ҷамъомад дар бораи таърихи ташкили Артиши марзбон ва саҳми он дар муҳофизати сарҳади давлатӣ сухан ронда, ҳозиронро ба муносибати 15 — солагии ташкили Артиши марзбони ҷумҳурии соҳибихтиёри Тоҷикистон ва Рӯзи марзбонони тоҷик табрик намуд.                          Соли 1994 дар мамлакат Артиши марзбон ташкил намуда, ҳамон сол 28 май Рӯзи марзбонон эълон карда шуд. Артиши марзбон дар давоми 18 соли охир сарҳади давлатии мамлакатро ҳимоя карда, давлатҳои дигарро аз таҳдиди зуҳуроти замони ҳозира, аз ҷумла, терроризм, моҷароҷӯй, ифротгароӣ, қочоқи аслиҳа, маводи нашъадор ва ҷинояткории муташаккилонаи байналмилалӣ эмин нигоҳ медорад, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.                           Қайд карда шуд, ки дар давоми 10 — соли охир хароҷоти умумӣ барои таъмини фаъолияти мақомоти муҳофизи қонун ва сохторҳои низомӣ аз 35 миллион сомонии соли 1999 дар соли 2009 то 600 миллион сомонӣ афзуд. Дар ин муддат хароҷоти таъмини фаъолияти артиши марзбон қариб 33 баробар афзуда, ба 63 миллион сомонӣ расид. Бо назардошти ислоҳоти соҳаи пардохти музди кор, беҳтар сохтани шароити зиндагӣ ва ҳимояи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти муҳофизи қонун аз соли 2006 сар карда, дар буҷети давлат мунтазам афзудани маоши онҳо пешбинӣ карда мешавад. Танҳо дар давоми панҷ соли охир музди кори кормандон ва хизматчиёни сохторҳо ва мақомоти зикршуда, қариб 10 баробар зиёд карда шуд. Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти душвориҳои фаъолияти Артиши марзбон музди кори онҳоро нисбат ба ҷузъу томҳои дигари Қувваҳои мусаллаҳ 1,3 баробар зиёд кард.                        Хизматчиёни ҳарбии Артиши марзбон аз аввали фаъолияташон то имрӯз ҳазорон нафар сарҳадшиканон ва вайронкунандагони тартиботи минтақаи сарҳадро дастгир карда, зиёда аз 800 мил аслиҳаи оташфишон ва бештар аз 10 тонна маводи нашъадорро мусодира карданд, зикр намуд Сарвари давлат.                        Президенти ҷумҳурӣ дар фарҷоми ҷамъомад ба Артиши марзбони мамлакат байрақи ҷангӣ супорид. Онро фармондеҳи Артиши марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Шералӣ Мирзоев қабул кард.

Май 28, 2009 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад