ПРЕЗИДЕНТИ ХОРВАТИЯ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Президенти Ҷумҳурии Хорватия ҷаноби Стефан Месич баъди чошти имрӯз барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки тибқи барномаи сафар Президенти Ҷумҳурии Хорватия бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Сипас бо иштироки сарони ҳар ду давлат мулоқоти хайатҳои онҳо баргузор мегардад. Дар фарҷоми мулоқот имзои силсилаи созишномаҳо ба нақша гирифта шудааст. Стефан Месич инчунин, бо раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ва Сарвазир Оқил Оқилов мулоқот хоҳад кард. Президенти Ҷумҳурии Хорватия зимни сафар аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Турсунзода боздид ба амал меорад. Ин сафари нахустини роҳбари давлати Хорватия ба мамлакати мо мебошад. Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Хорватия соли 2008 — ум 6,4 миллион доллари ИМА ва дар давоми семоҳаи аввали соли 2009 — ум 779 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил дод.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






