PУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ФАРХОР

Май 5, 2009 18:18

              Фархор, 5 май, (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бо мақсади беҳтар гардидани хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияи Фархор корҳои сохтмонӣ ва меъморӣ вусъат меёбанд, гуфт зимни як нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Шариф Ғаффоров ва афзуд, ки айни ҳол аз буҷаи ҷумҳурӣ маблағи 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, таъмири шӯъбаҳои ҷарроҳӣ ва бемориҳои дарунӣ идома дорад. Дар ин давра аз ҳисоби буҷаи ноҳия 30 ҳазор сомонӣ барои таъмири ташхисгоҳ, бо маблағгузорӣ аз буҷаи ҷумҳурӣ маркази саломатии Туғул ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ ва сохтмони даромадгоҳи беморхона дар арафаи анҷомёбианд. Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси аҳолӣ бо тариқи ҳашар сохтмони 2 бунгоҳи саломатӣ идома ёфта, то охири моҳи маи соли равон мавриди истифода қарор мегиранд.

Май 5, 2009 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид