РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД

Май 8, 2009 12:53

                     Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лудмила Дубинина). — Рӯзҳои наздик дар Мактаби таҳсилоти муттасили тахассусии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ Рӯзи дарҳои кушод ташкил карда хоҳад шуд. Дар он на танҳо хатмкунандагону дастпарварони мактабҳои миёна, балки калонсолони бекор низ ширкат варзида, барои худ касби муайянро интихоб карда метавонанд.                     Ташкилкунандагони ҷамъомад дар бораи фаъолияти мактаб, донишгоҳ, барномаҳои таълимии он, шартҳои қабул ва шароити таҳсил нақл мекунанд.                      Роҳбари мактаби мазкур Диловар Бӯтабеков ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар ин ҷо аз рӯи ихтисосҳои ҳисоби байналхалқии бухгалтерӣ, ташкилкунандагони сафару саёҳат дар минтақаи кӯҳистон, технологияи иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ ва ғайра мутахассисон тайёр карда мешаванд. Дар назди донишгоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати техникӣ низ мавҷуданд.

Май 8, 2009 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд