РАДИФИ МАСНӮИ ЧИНӢ БА СӮИ СИТОРАИ МИРРИХ ПАРВОЗ МЕКУНАД

Май 29, 2009 10:31

                         Пекин, 29 май. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС ). — Мутахассисони Маркази таҳқиқоти фазои кайҳони Чин нимаи дуюми соли равон радифи маснӯъро барои таҳқиқоти ситораи Миррих ба фазо сар медиҳанд. Радифи маснӯи чинӣ «Фобос-грунт» ном дошта, тавассути ракетаи барандаи Русия ба мадори назди Замин бароварда хоҳад шуд. Радифи маснӯъ баъди ин мустақилона парвоз карда, дар давоми 11 моҳ масофаи 350 миллион километрро тай мекунад. Радифи маснӯъ дар мадори ситораи Миррих як сол парвоз мекунад. Дар ин муддат сатҳи ситора ба навор гирифта, хати ҳаракати яке аз радифони он муайян карда мешавад. Аксҳои радифи маснӯъ аз нимаи дуюми соли 2010 сар карда, ба Замин дода мешаванд.                            Хабар дода мешавад, ки Кумитаи давлатии мудофиа, илм, техника ва саноати Чин моҳи марти соли 2007 нақшаи панҷсолаи ҳамкориро дар соҳаи тадқиқоти фазои кайҳон тартиб дода буд. Тибқи нақшаи мазкур, Чин дар ин масъала бо Русия ҳамкорӣ мекунад.

Май 29, 2009 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд