РАИСИ НАВИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Май 18, 2009 14:11

                      Душанбе, 18 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 май дар иҷлосияи 19-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Маҳкам Маҳмудов Раиси суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.                     Собиқ раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Избулло Хоҷаев дар асоси аризаи ба истеъфо рафтанаш бозхонд гардид.                      Бояд тазаккур дод, ки Маҳкам Маҳмудов соли 1957 таваллуд ёфта, дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ аст. Вай қаблан дар вазифаи декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор карда, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, аъзои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. То интихоб гардиданаш ба вазифаи Раиси Суди конститутсионии ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният кор карда, вазифаи муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳуриро ба ӯҳда дошт. Бо интихоб гардиданаш ба ин вазифаи пуршараф ваколати Маҳкам Маҳмудов дар Маҷлиси миллӣ пеш аз мӯҳлат катъ карда шуд. Ба Избулло Хоҷаев ва Маҳкам Маҳмудов барои хизматҳои шоёнашон дар рушди парламентаризм раҳматномаи Маҷлиси миллӣ супорида шуд.                     Ҳамзамон дар иҷлосияи 19-уми Маҷлиси миллӣ Муҳаббат Бозорова судяи Суди констиутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, Броимшо Муқбилшоев аз вазифаи судяи суди конститутсионӣ бозхонд карда шуд.

Май 18, 2009 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид