РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДОНИШҶӮЁНРО ДАР ДАСТГОҲАШ МЕОМӮЗАД

Май 13, 2009 10:19

                     Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 12 май раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунии ҷавонон дар вилояти Суғд мулоқот намуда, дар ҷараёни он изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташкили Ҳафтаи худидоракунӣ ҷалби ҷавонон ба корҳои давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон буда, барои аз наздик ошно кардани онон ба низоми давлатдорӣ мусоидат хоҳад намуд.                    «Дар вазифаи мухталифи давлатӣ фаъолият намуда, шумо — ҷавонон аз масъулияти роҳбарон огоҳӣ пайдо мекунед ва бовар дорам, ки таҷрибаи тӯли ин муддат ҳосил кардаатон дар оянда бароятон муфид хоҳад буд», — гуфт Қоҳир Расулзода.                  Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки баргузории Ҳафтаи худидоракунии ҷавонон тибқи қарори раиси вилоят «Дар бораи гузаронидани «Ҳафтаи худидоракунии ҷавонон» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» аз 12 то 19 май сурат мегирад. Дар ин давра донишҷӯён дар раёсату шӯъбаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият карда, бо тарзи ҷараёни кор дар ин мақоми давлатӣ ошно мегарданд.

Май 13, 2009 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад