РОҲҲО ТАЪМИР КАРДА ШУДАНД
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Шаби 20 май дар натиҷаи боронҳои пай дар пай ва омадани сел дар ноҳияи Шуғнон роҳҳои мошингарди Хоруғ-Душанбе ва Хоруғ-Ишкошим баста шуданд. Пеш аз ин роҳҳои мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ (579 км) ва Хоруғ-Ишкошим (20 км) дар натиҷаи боридани борон ва омадани сел хароб гардиданд. Ғайр аз ин роҳҳои мошингарди Хоруғ-Ӯш ва Хоруғ-Қошғар дар км 152-юм дар наздикии деҳаи Куитезаки ноҳияи Шуғнон дар натиҷаи боридани барф баста шуда буд. Айни ҳол, роҳи мошингард таъмир карда шуд ва ҳаракати нақлиёт дар он барқарор гардид. Дар км 109-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Ҷиргатол дар минтақаи Кабудҷари ноҳияи Нуробод корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд. Шаби 19 майи соли равон, дар ин ҷо дар натиҷаи боришоти зиёд, ки ба сел табдил ёфта буд, қитъаи соҳили дарёро шуста бурд. Дар км 134 роҳи мошингарди Ваҳдат -Ҷиргатол купруки мошингузари Нуробод пурра хароб гардид. Чи тавре ки, аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, айни замон корҳои барқароркунӣ дар ин минтақа идома дорад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






