РОҲБАРИЯТИ КУМИТА АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ МУНТАЗАМ ОГОҲ МЕГАРДАД
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти кумитаи мазкур, намояндагони мақомоти санҷиши давлатӣ, бизнес-ассотсиатсияҳо ва соҳибкорони ватанӣ иштирок намуданд. Сардори Раёсати дастгирии рушди соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мизи мудавварро кушода, зикр намуд, ки сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба дастгирии соҳибкории хурду миёна шароит фароҳам меорад, ки ин бахш рушди устувор дошта бошад. Дар баробари ин, бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 25 феврали соли ҷорӣ давоми ду сол, баҳри дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва ба ин васила вусъат додани истеҳсолоти дохилӣ, ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ моратория эълон шуд, ки имрӯз натиҷаи назарраси он мушоҳида мегардад. «Вале, ҳоло ҳам соҳибкорон баъзан ба мо нисбат ба беэътибории мақомоти дахлдор оид ба татбиқи ин қонун муроҷиат мекунанд ва мо тасмим гирифтем, ки ин масъаларо дар мизи мудаввари имрӯза якҷоя бо намояндагони мақомоти санҷиши давлатӣ ва соҳибкорон баррасӣ намоем», — идома дод Рустами Эмомалӣ. Инчунин, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Абдуғаффор Раҳмонов роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи сиёсати давлатии соҳибкории Тоҷикистон маълумот дода, қайд кард, ки Ҳукумати ҶТ нисбат ба дастгирии соҳибкорони ватанӣ мунтазам чораҳои мушаххас меандешад, ки қонун дар бораи моратория мисоли равшани он аст. Сипас, миёни иштирокдорони ҷамъомад масъалаҳои татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷараёни гузаронидани санҷишҳои давлатӣ, камбудиҳои соҳаи соҳибкорӣ ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ёдовар мешавем, ки дар мулоқоти гузаштаи роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ бо соҳибкорони ватанӣ ва бизнес-ассотсиатсияҳо аз ҷониби сардори Раёсати дастгирии соҳибкории кумитаи мазкур Рустами Эмомалӣ, ҷиҳати дастгирии мунтазами соҳибкорон аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешниҳод гардида буд, ки мулоқоти роҳбарияти кумита бо соҳибкорон моҳе ду маротиба доир гардад, ки ин бевосита ба рушди минбаъдаи соҳа мусоидат мекунад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






