РОМАНИ ГАБРИЭЛ ГАРСИЯ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ТАРҶУМА ШУД

Май 30, 2009 13:22

                        Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Аввалин маротиба дар Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷабборов романи Габриэл Гарсия Маркеса «Сад соли танҳоӣ» -ро ба забони тоҷикӣ тарҷума кард. Айни ҳол, романи тарҷумашуда дар нашриёт буда, баъди ду моҳ бо теъдоди 500 нусха чоп карда, ба мағозаҳои китобфурӯшӣ фиристода мешавад.                        Ин роман ба зиёда аз 110 забони миллатҳои гуногун тарҷума шудааст. Чингиз Айтматов ин романро «Романи бузургтарини асри 20» номида буд.                       «Ман романи мазкурро дар давоми се сол тарҷума кардам. Ин яке аз асарҳои шавқовари тарҷумакардаи ман мебошад. Худи роман хеле диққатҷаблкунанда аст. Асар хусусиятҳои хоси забонӣ, услуби махсус, забони шево ва фикрронии ғайримуқаррарии муаллифро дар бар мегирад. Ба муаллиф муяссар шудааст, ки хусусияти давраҳои гуногунро бо ҳамдигар муқоиса карда, моҳияти онро ба хонанда пешкаш кунад. Бешубҳа, асари «Сад соли танҳоӣ» ба хонандагони тоҷик писанд хоҳад омад»-, гуфт А. Абдуҷабборов.

Май 30, 2009 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид