РОССИЯ ҲИССАИ ДОВТАЛАБОНРО ЗИЁД НАМУД
Душанбе, 4 май.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли хониши 2009-2010 Вазорати маорифи Россия шумораи қабули довталабони тоҷикро тибқи «квота» дар донишгоҳҳои беҳтарини кишвараш зиёд менамояд. Дар ин бора аз консулгарии генералии дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд будаи Федератсияи Россия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Аз нисф зиёди ҳиссаи пешбинишударо довталабони вилояти Суғд ташкил медиҳанд. Агар соли 2008 ҳамагӣ 36 ҷой барои вилояти Суғд ҷудо шуда бошад, соли ҷорӣ ин саҳм ба 100 ҷой расонида мешавад. Ба замми ин 5 ҷой барои аспирантҳо ҷудо карда мешавад ва ҳамчунин 20 нафар сокини Суғд имкони гузаштан аз курсҳои такмили ихтисосро дар Федератсияи Россия пайдо мекунанд. Меъёри асосии қабул- баҳои аъло ва хуб донистани забони русӣ мебошад. Номзадҳои муносиб ба ҷойи хоб ва стипендия таъмин карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






