РУСИЯ БА МӮҲЛАТИ СЕ СОЛИ ДИГАР УЗВИ ШӮРОИ ҲУҚУҚИ ИНСОНИ С
Маскав, 14 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 12 май дар маҷлиси 63 — юми умумии Ассамблеяи генералии СММ Федератсияи Русия ба мӯҳлати се соли дигар узви Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ интихоб шуд. Намояндагони 146 давлати аъзои СММ ба тарафдории интихоби Русия овоз доданд. Ин шаҳодат медиҳад, ки дар СММ ба нақши Федератсияи Русия дар густариши хамкории байналхалқӣ барои дастгирию ҳифзи ҳуқуқи инсон баҳои баланд дода мешавад. Вазорати корҳои хориҷии Русия дар робита барои воситаҳои ахбори умумӣ изҳорот дарҷ намуд. Дар он гуфта мешавад, ки Русия дар фаъолияти Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ мисли пештара ба эҳтироми ҳуқуқи миллатҳои хурд, нигоҳ доштани забон ва анъанаҳои миллии онҳо, тавсиаи робита бо ҳамдиёрони хориҷӣ, мубориза ба муқобили миллатгароии навбаромад ва шаклҳои дигари табъизи нажодӣ, пешгирии таҳрифи рӯйдодҳои таърихӣ, эҳтироми арзишҳои анъанавӣ ва хусусиятҳои фарҳангии халқҳои гуногун ва густариши муколамаи динҳо аҳамияти калон хоҳад дод. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ба ҳайати Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ, инчунин, Бангдалеш, Белгия, Маҷористон, Ҷибути, Урдун, Камерун, Қирғизистон, Чин, Куба, Маврикия, Мексика, Нигерия, Норвегия, Арабистони Саудӣ, Сенегал, ИМА ва Уругвай қабул карда шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






