СААД БА ҲАМКОРӢ ТАЙЁР АСТ

Май 14, 2009 10:37

                      Маскав, 14 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Арманистон — шаҳри Ереван дар мавзӯи «Амнияту ҳамкорӣ дар минтақаи Қафқоз» конфронси байналхалқӣ кушода мешавад. Дар он Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа иштирок мекунад.                       Н. Бордюжа қабл аз парвоз ба Ереван дар майдони ҳавоӣ ба хабарнигорон гуфт, ки муҳокимаи ошкорои маҷмӯи проблемаҳои таъмини амният ва пешгирии хавфу хатари зуҳуроти номатлуб дар Қафқоз ва хусусан дар қисмати ҷанубии он на танҳо барои минтақа, балки барои тамоми мамлакатҳои аъзои созмон муфид мебошад.                      Муншии умумии СААД таъкид намуд, ки дар шароити босуръат тағйирёбандаи минтақа, аз ҷумла, имконияти кушодани сарҳадҳо ва ҳамлу нақли хеле зиёди молҳо ва одамон густариши ҳамкории созмонҳои минтақавию байналхалқӣ зарур мебошад. СААД ба чунин ҳамкорӣ тайёр аст.                       Иштирокчиёни конфронс проблемаҳои рушди ҳамкории байналхалқӣ, таъмини амният, пешгирии муташанниҷ гардидани вазъият ва масъалаҳои дигарро баррасӣ менамоянд.

Май 14, 2009 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд