СААД СОЗМОНҲОИ НАВИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ИФРОТИРО БА ҚАЙД ГИРИФТ

Май 8, 2009 11:49

                     Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 7 май дар шаҳри Маскав машварати муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа, молия ва котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба ташкилу фаъолияти Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ баррасӣ карда шуданд. Иштирокчиёни машварат ҳуҷҷатҳоро дар бораи самтҳои асосии фаъолияти давлатҳои ИДМ дар масъалаи ташкили системаи вокуниши дастаҷамъӣ дар мавриди рух додани вазъияти фавқулодда, таъминоти фаъолияти Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ ва ғайраро муҳокима карданд. Қувваҳои мазкур аз ҳисоби буҷети давлатҳое ташкил карда хоҳад шуд, ки ҷузъу томҳояшонро ба ҳайати он шомил менамоянд. Русия Қувваҳои мазкурро бо навъҳои навтарини аслиҳа ва техника таъмин менамояд. Вазифаҳои онҳо бартараф сохтани муноқишаҳои мусаллаҳона, аз ҷумла, дар минтақаи сарҳад, гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, ҷинояти муташаккилона, инчунин бартараф сохтани оқибати фалокатҳои табиӣ мебошанд. Ҳуҷҷатҳои мазкур дар маҷлиси махсуси Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон моҳи июни соли равон мувофиқа карда хоҳанд шуд.                    Ҳуҷҷатҳои ташкили Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ соли 2010 дар маҷлиси сарони давлатҳои аъзои созмон муҳокима ва тасдиқ карда мешаванд. Тибқи нақша машқи нахустини ҷузъу томҳои Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ моҳҳои августу сентябри соли равон дар маҳалҳои наздисарҳадии Русия ва Қазоқистон гузаронида мешавад.                   Хабар дода мешавад, ки дар маҷлиси СААД, инчунин, созмонҳо ва ҷунбишҳои нави террористию ифротӣ ба қайд гирифта шуданд. Онҳо созмонҳои террористии «Бозгурд», «Бародарони мусулмон», «Ҷунбиши Толибон», «Созмони Алқаёда», «Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷамоати муҷоҳидон», «Ҷамоати муҳоҳидони Осиёи Марказӣ» ва «Нурҷулар» мебошанд. Айни ҳол ба рӯйхати созмонҳои террористии дар СААД бақайдгирифташуда 31 созмон дохил карда шудааст.

Май 8, 2009 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад