САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ШИМОЛИ ҶУМҲУРӢ

Май 18, 2009 11:47

                        Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Шаби 17 май, дар 113 км роҳи мошингарди Спитамен-Хуҷанд-Конибодам ронандаи автомашинаи «Опель-Астра» Бахтиёр Шокиров бо суръати баланд ҳаракат карда, аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада автомашинаро чаппа кард. Дар натиҷа номбурда аз бардоштани ҷароҳати вазнин дар ҷои ҳодиса ҳалок гардид.                          Аз 11 то 17 май дар ҷумҳурӣ 25 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он 4 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида 29 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Аксарияти ин садамаҳо аз риоя накардани талаботҳои техникии нақлиёт, бо суръати баланд ҳаракат кардан, ба самти муқобили ҳаракат баромадан ва аз тарафи пиёдагардон риоя накардани қоидаҳои бехатарии ҳаракати роҳ ба вӯқуъ пайвастанд.

Май 18, 2009 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид