САФАРИ ҲУНАРИИ ҲУНАРПЕШАГОНИ ТОҶИК
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дастаи ҳунарии «Гулшан» ва гурӯҳи раққосони «Зебо» ба сафари дарозмуддати ҳунарӣ ба шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои Федератсияи Русия тайёрӣ мебинанд. Сафари ҳунарии онҳо 27 май таҳти унвони «Ситораборони Машриқзамин» шурӯъ мегардад. Ҳунарпешагони тоҷик сафари ҳунарии худро аз ҷумҳурии Тотористон шурӯъ менамоянд. Баъд тамошобинони ҷумҳуриҳои Чувашистон, Бошқирдистон, вилояти Самара ва ҷумҳуриҳои шимоли Қафқоз ба ҳунарнамоии мутрибону овозхонон ва раққосони тоҷик кафкӯбӣ хоҳанд кард. Ҳунарпешагони тоҷик зимни сафар ба тамошобинон рақсу сурудҳои тоҷикию эронӣ, афғонӣ, арабӣ, туркӣ ва ҳиндиро пешкаш менамоянд. Сафари ҳунарии мазкурро Иттиҳодияи давлатии дастаҳои ҳунарии назди Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва муассисаҳои оммавии Федератсияи Русия ва сафоратхонаи ин мамлакат дар Тоҷикистон ташкил менамоянд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






